Студопедия

КАТЕГОРИИ:


Архитектура-(3434)Астрономия-(809)Биология-(7483)Биотехнологии-(1457)Военное дело-(14632)Высокие технологии-(1363)География-(913)Геология-(1438)Государство-(451)Демография-(1065)Дом-(47672)Журналистика и СМИ-(912)Изобретательство-(14524)Иностранные языки-(4268)Информатика-(17799)Искусство-(1338)История-(13644)Компьютеры-(11121)Косметика-(55)Кулинария-(373)Культура-(8427)Лингвистика-(374)Литература-(1642)Маркетинг-(23702)Математика-(16968)Машиностроение-(1700)Медицина-(12668)Менеджмент-(24684)Механика-(15423)Науковедение-(506)Образование-(11852)Охрана труда-(3308)Педагогика-(5571)Полиграфия-(1312)Политика-(7869)Право-(5454)Приборостроение-(1369)Программирование-(2801)Производство-(97182)Промышленность-(8706)Психология-(18388)Религия-(3217)Связь-(10668)Сельское хозяйство-(299)Социология-(6455)Спорт-(42831)Строительство-(4793)Торговля-(5050)Транспорт-(2929)Туризм-(1568)Физика-(3942)Философия-(17015)Финансы-(26596)Химия-(22929)Экология-(12095)Экономика-(9961)Электроника-(8441)Электротехника-(4623)Энергетика-(12629)Юриспруденция-(1492)Ядерная техника-(1748)

Мавзуи 2. Стандартхои байналмиллалии хисобгири бухгалтери




Дарси 2.

Хафтаи дуюм.

Камбудихои СБХ.

Ду намуди халли умумигардонии бахисобгирии бухгалтери.

Намудхои истифодабарии бахисобгирии стандарти бахгалтери.

Хусусиятхои мусби ва манфии бахисобгирии стандарти байналхалки.

Накш ва ахамияти СБХ дар хамохангкунии мачмуи хисоботи бухгалтери.

Пайдоиши фан.

Накша:

1. Мазмун ва мохияти стандартхои байналмиллалии хисобгирива хисоботдихи.

2. Принсипхои асосии хисобгирии бухгалтери ва хисоботдихи мутобики стандартхои хисобгири.

3. Ташкили коркарди СБХ.

 

1. Мазмун ва мохияти стандартхои байналмиллалии хисобгири ва хисоботдихи.

Муносибатхои иктисодие, ки тамоми сохахои хочагии халкро фаро гирифтааст, бе ислохоти низоми чории бахисобгири ва хисобот мувофики максад инкишоф ёфта наметавонанд. Яке аз самтхои ояндадори ин соха гузариш ба СБХМ мебошад.

Дар алокаманди бо огози ислохоти пурраи низоми бахисобгирии бух

галтери ва назорати молияви дар Чумхури тайёр кардан, такмили ихтисоси кадрхои бухгалтери, хайати устодони макотиби оли ва миёна мувофики талаботи Федератсияи байналмиллалии бухгалтерон ба миён омад.

Ислохоти бахисобгирии бугалтери, дар чумхурихои Осиёи Маркази гузаронида истода бо сурьати суст амали гашта истодааст,Дар байни мутахассисони касби бахисобгирии ин минтака хамфикри вучуд надорад ва хар як иштирокчии ин чараён роххои имконпазири чори кардани Стандартхои байналмиллалии хисоботи молиявиро дар асоси хусусиятхои миллии иктисодиёти кишвари худ мечуяд. Дар ин холат, мубодилаи афкор ва тачриба, гузаронидани курсхои кутохмуддат ва семинархо, ташкили мубохисахо дар васоити ахбори умум, хамчунин тайёр кардани маводи таьлими барои тезонидани ин чараён накши мухимро мебозанд,

Мухосиба ё хисобдории босубот имкон медихад, ки натанхо эахирахову маблагхо максаднок ва тибки конунхои давлати истифода шаванд, балки дар баробари ин тамоми масорифоту мадохилоти хар як фирмаву хочаги дар хуччатхои бухгалтери ба монанди дар оина аксёбанда, возеху равшан сабт карда шаванд ва ошкору намоён бошанд,

Мархилаи хозираи инкишофи иктисодиёти мамлакатамон такозо менамоянд, ки хисобдории тамоми муассисот ва фирмахои кучаку калон мутобику мувофики талаботи стандартхои байналхалкии иктисоди ва иттиходи умумичахонии таммадун карор дорад ва навоварихои зайлро хамачониба дастгири мебояд кард,

Бахисобгирии молияви дар шароити ташккули муносибатхои бозоргони хамчун яке аз сохахои ояндадори илми иктисоди ва ихтисоси бонуфузи муосир зери табаддулоти калон карор дорад Ин бо чалби сармояи хоричи ба истехсолот, фарохамоварии рушани дар бахисобгири ва хисобот, зарурати наздиккунии усули бахисобгирии ватани бо стандартхои байналмиллалии хисоботи молияви вобастаги дорад. Аз ин ру принсипхои хисобгирии бухгалтери максаду мароми ин наздикшави хисобгирии бухгалтериро менамояд.

Соли 1973 комитети СБХМ ташкил карда шуда буд, ки дар он ташкилотхои бухгалтерон ва аудиторони Австралия, Канада, Франция, Германия, Япония, Мексико, Галандия, Великобритания, Ирландия, ШМА дохил шуда буданд.

Аз соли 1983 то 2001 ба таркиби КСБХМ тамоми ташкилотхои бухгалтерон ва аудиторон профессионали, хамчун аъзои федератсияи байналхалкии бухгалтерон дохил шуданд.

 

2. Принсипхои асосии хисобгирии бухгалтери ва хисоботдихи мутобики стандартхои хисобгири.

Хамчун ёрманди ба истифодабаранда бо максади шархдихии сахех ва истифодабарии тавсифномахои сифатии иттилоотии бахисобгири ё худ принципхои асосии бахисобгирии бухгалтери ва хисоботдихи мутобики СБХМ кор карда баромада шудаанд ва инхоанд:

1) возехи; 2) бамавриди; 3) боэътимоди; 4) мукоисашавандаги.

Возехи (фахмои) Маълумоти дар хисоботи молияви пешниходшаванда бояд ба истифодабарандагон фахмо бошад.

- Бамавриди – дар асоси тахлил, баходихии амалиёти хочаги – молияви ва тагирот дар мухити бизнес таъсир расонанда бамаврид аст.

Мухимият - ба бамавридии иттилоот хусусият ва мухимияти он таъсири чидди мерасонад. Мухимият камбудиро инъикос намуда аз руи хисоби «3 ё 5% аз фоидаи соф» ё худ «0,5 ё 1%» аз арзиши хамаи активхо ба хисоб гирифта мешавад.

- Боэътимоди – маълумот бояд аз камбудихо озод буда, сарчашмаи боэътимоди ташкилёбиро доро бошад то истифодабарандагон барои пешниходи дакики нишондодхо ба он такя намуда тавонанд.

- Мукоисашавандаги – маълумотхо бояд нисбати якдигар мукоиса карда шаванд.

СБХМ ба хисоб гирифтани усулхои зеринро мавриди ташкили сиёсати бахисобгирии ширкат талаб мекунанд.

1) Усули хисобкуни дар сохтори амалкунандаи бахисобгири ва хисоботдихи ин усул бо номи «хамлу накл» (отгрузка) кабул шудааст, ки натичагирии молиявиро вобаста бо фуруши мол, ичроиши корхо ва хизматгузори новобаста аз воридшавии воситахои пули ва муодили онхо дар назар дорад.

2) Муттасилии фаъолият

А) пайдарпаи (мунтазами)

Б) мувофикати даромат ва харочот

В) пайрави

Г) баходихи

Д) алохидаги

Е) мухимият ва мутахидкуни

Ж) ошкорсозии комил

Д) давравият.

 

Принсипхои хисобгирии бухгалтери - ин коидахо протсидурахо ва методхои алохида барои бурдани хисобгирии бухгалтери ва тартиб додани хисобот мебошад

Принсипи1: Принсипи дутарафа-Дар ин асоси ин принсип бояд маблаги умумии корхона хама вакт бо маблаги ухдадорихо ва сармоя баробар бошад.

Агар воситахои умумии корхона нисбат ба маблаги ухдадорихо ва сармояхо кам ояд, сабаби он ба хатогии бухгалтери рох дода шудааст.

Мувозинати баланси гуфта воситахо = ухдадорихо + сармояхоро меноманд.

Хусусияти ба худ хоси баланси бухгалтери доимо баробар будани чамъи тарафи актив ва тарафи пассиви балансро меноманд.

Принсипи2: Принсипи ченаки пули.

Хисоботи бухгалтери танхо бо ифодаи пули далелхои амалиетхои хочагидориро инъикос менамояд. Принсипи ченаки пули ин принсипи дуюм ба шумор меравад ва дар асоси он дар хисоботхои бухгалтери бояд он объектхои хисобгири ифода карда мешавад, ки бо воситаи пул е ин ки маблаг чен карда мешавад.

Присипи3: Принсипи автономии корхона.

Счети корхона бояд аз счети сохиби корхона чудо бошад. Принсипи таксимоти счети хисобгирии корхона ва соиби он принсипи автономи меноманд.

Принсипи4: Принсипи мунтазамона- консепсия хисобгирии бухартери дар асоси низомнома оиди мунтазамона давом додани фаъолияти компанияро барои солхои тулони пешниход менамояд.Якчанд микдори компанияхо хар сол фаъолияти худро бо сабабхои гуногун катъ менамоянд ва холати хакикии шароити корхона аз мунтазамона бурдани кор мебошад.

Принсипи5: Принсипи арзиши асли –дар асоси принсипи арзиши асли хамаи харочотхо дар хисоботхои бухгалтери инъикос карда шуда, харочоти ин е он махсулотро мефахмонад.Мисол: компания ба маблаги 10000 сомон китъаи заминро харид Арзиши аслии китъаи замин 10000с. ташкил медихад ва дар хуччатхои хисобгирии бухгалтери арзиши аслии махсулотро ташкил медихад.

Принсипи6: Принсипи консерватизм – аз 2 низом иборат аст:

1.Этибор кардани зиедшавии сармоя дар холати пурра ходисаи муайян буда.

2. Этибор намудани камшавии сармоя дар холати пурра имкониятнк будани ходиса.

Принсипи7: Принсипи модди – 2 аспект дорад:

1.Ходисахое, ки ба натичаи молияви начандон таъсир мерасонад.

2. Инъикос намудани ходисахои мухим.

Принсипи8: Принсипи фуруши махсулот, адои кор, ичрои хизмат дар он зохир мегардад,ки даромад дар хамон холат хисоб карда мешавад, вакте, ки махсулот ба харидор бурда расонида мешавад. Даромад дар чунин холатхо ба хисоб гирифта мешавад:

1.То гирифтани воситаи пули.

2. Дар вакти чараени рост омадани доду гирифти махсулот.

3. Баъди гирифтани воситахои пули оиди махсулоти фурухташуда.

 

3. Ташкили коркарди СБХ.

Яке аз вазифахои асоси барои мутамарказ гардонидани бахисобгири дар замони гузашта ин созмон додани Кумитаи СБХ

мебошад. Кумитаи мазкур 29 июни соли 1973 дар натичаи кабул кардани созишномаи ташкили хисобдорони Австрия, Канада, Франсия, Чумхури Федеративии Олмон, Чопон, Мексика, Нидерландия, Ирландия, Британияи Кабир, ИМА таъсис дода шудааст. Аввалан ба кумита 7 нафар мутахассиси сохиби маълумоти баланд дохил шуда, асоси стандарти хисобгириро кор карда баромаданд. Тачрибаи аввалин нишон дод, ки нишондихандахои хисобгириро дар арсаи байналхалки пахн намудан ба маврид аст.

Мувофики оиннома Кумита максадхои зеринро хадафи худ карор дод:

· ташкил ва нашр кардани стандартхои хисобгирие, ки истифодаи онро дар арсаи чахони таъмин менамояд;

· такмил додани коидахо, стандартхо ва чабхахои хисобгирие, ки хангоми сохтани хисоботи молияви заруранд.

Робитахои мукобили КБСХ ва федератсияи байналхалкии хисобдоронро созишномаи байни онхо муайян мекунанд. Дар «Созишнома» - и охирон кабул шуда чунин омадааст, ки КБХС хукуки пурра ва беохири ко рва нашр кардани стандартхои байналхалкии хисобгириро доро мебошад. Дар навбати худ, Федератсияи байналхалкии хисобдорон ухдадорихои зеринро дорад:

· мувофики хисоботи молиявии нашршавандаро ба стандартхои байналхалкии хисобдори таъмин менамояд;

· бовари бахшидан ба хукумат ва корхонахо, ки озодона нашр шудани (оммави будан) – и хисоботи молияви ба равандхои асосии стандартхои байналхалкии хисобгири мувофикат мекунанд;

· бовари бахшидан ба корхонахое, ки бозори когазхои кимматбохро назорат мекунанд, корхонахои саноати ва гурухи корчалонхоро, ки хисоботи молияви – оммави ба стандартхои байналхалкии хисобгири мувофик бошанд,

· хамкори кардан бо аудиторон, ки онхо асосхои мувофикии хисоботи молияро ба стандартхои байналхалкии хисобгири аз руи хамаи равандхо омузонад ва дар мадди назар дошта бошанд, хавсманд гардонидани кабулкунандагон ва пахнкуанадгони стандартхои байналхалкии хисобгири дар арсаи чахони.

 

Федератсияи байналхалкии хисобдорон ва Кумитаи байналхалкии стандартхои хисобгири мафхуми якхелаи «хисоботи молияви» - ро эътироф намуда, талабот пешниход мекунанд, ки хатман дар як сол як маротиба аз тарафи корхонахо мувофики стандартхои байналхалкии хисобгири ба нашр расонида шавад.

Сохти ташкили КСБХМ бо мавчудияти Панч дарачаи функсионали муайян карда мешавад:

1. Идоракунии Кумита

2. Шурои мураббиён

3. Гурухи машварати

4. Комиссяи шархдихи

5. Хайъати Кумита

 

Идоракунанда фаъолияти КСБХМ ва намояндагони ташкилотхои бухгалтериро аз 13 мамлакатхои Шурои ФББ ва аз 4 камтар дигар ташкилотхои ба масъалахои тартиб додани хисоботи молияви машгулшаванда назорат мебарад. Хар як аъзои идоракуни номзади ду нафар намояндагон ва машваратчиёнашро барои иштарок намудан дар чаласаи идоракунанда пешниход менамояд.

КСБХМ ба хар як аъзои Идоракуни амр медихад, ки ба хайъати намояндагони худ акалан як намояндаи корхонахои саноати ва як намояндаи ташкилоте, ки бевосита стандартхои бахисобгири бухгалтериро мукаррар месозад дохил намоянд. Онхо истифодабарандагони хисоботи молияви инчунин ташкилотхои ба танзимдарорандаи фаъолияти биржави ва муомилоти когазхои кимматнок мебошанд.

Ба гурухи машварати инчунин намояндагони ташкилотхои стандартхои бахисобгии бухгалтериро кабулкунанда ва назоратчиён ташкилотхои байнидавлати дохил мешаванд.

Дар айни замон аъзохои гурухи машварати Федератсияи байналхалкии когазхои кимматнок ва молияви, Асосиатсияи байналхалкии маориф ва тахкикотчиёни сохаи бахисобгирии бухгалтерии, Асосиатсияи байналхалкии бонки, Асосиатсияи байналхалкии химоячихо, палатаи байналхалкии савдо, Иттиходияи байналхалкии иттифокхои касабаи озод, Иттиходияхои умумичахонии мехнат, ташкилоти байналхалкии комиссия оид ба когазхои кимматнок, Кумитаи байналхалки оид ба стандарти баходихии пул, мол. даромад ва ашёхо, Бонки умумичахони, Комиссияи Европои, Шурои стандартхои бахисобгирии молияви, Ташкилотихамкории иктисоди ва Рушд, кисми ташкилоти давлатхои муттахида оид ба иттиходияи трансмилли ва маблаггузори ба хисоб мераванд.

Гурухи машварати дар чараёни коркард ва кабули стандартхои байналхалкии бахисобгирии бухгалтерии роли мухим бозида дар як сол ду маротиба бо гуруххои машварати барои мухокимаи лоихахои кумита, барномахои кори ба рушда оянданамои дарозмуддат вохури мегузаронад.

Барои ноил шудан ба дарачаи баланди кобили кабул будани СБХМ дар шароити истафодабарии онхо дар микёси ширкатхо соли 1996 комиссияи шархдиханда таъсис дода шудааст. Ба хайъати он озмоишчиёни намояндагони ташкилотхои гурухи машварати дохил мешаванд. Онхо дар мухокима ва кабули стандартхои бахисобгирии байналхалки иштирок менамоянд.

Равиши анъанахои коркарди стандартхои байналхалкии бахисобгирии бухгалтери чунин мархилахоро дар бар мегирад:

МАРХИЛАИ 1 Ташкил кардани комиссияи тахрири. Онро намояндаи ваколатдори Идоракунанда рохбари менамояд7 У одатан намояндагони ихтисоси бухгалтерии на кам аз 3 мамлакатхои гуногун ва метавонад намояндагони дигар ташкилотхои дар Идоракунанда. гурухи машварати бударо дар бар мегирад.

МАРХИЛАИ 2 Коркарди лоихаи стандарти байналхалки. Комиссияи тахрири масъалахои омода намудан ва пешниход намудани хиссоботхои молиявиро мавриди барраси карор медихад, инчунин накшаи кори КСБХМ - ро оиди ин масъалахо мухокима менамояд. У талаботхоро ба бахисобгирии бухгалтерии ва тачрибаи бахисобгири дар дарачаи милли худуди ва мачмуи гуногуни бухгалтериро дар шароитхои гуногуни иктисоди маврида омузиш карор медихад.

Дар натичаи мухокимаи масъалахои номбаршуда комиссияи тахрири барои баррасии Идоракунанда «накшаи умумии коркарди СБХМ» - ро пешниход менамояд.

МАРХИЛАИ 3. Омода сохтани лоихаи кори мукаррарии стандарти. Максади он баркарорсозии он равишхое, ки дар вакти омодасозии «накшаи стандарти байналхалкии хисоботи молияви» истифодабаранда мебошад, инчунин навишти карорхои алтернативи баррасидашуда ва сабабхое, ки аз руи онхо кабул ё рад карданро дар бар мегирад.

МАРХИЛАИ 4. Аз тарафи «идоракунанда» тасдик намудани низомномаи стандарт. Комиссияи тахлили номгуи камбудихои «низомномаи лоихаи кори» - ро дида мебарояд ва варианти нихоиро мувофикат менамояд, пас аз он лоихаи мазкур барои тасдик ба Идоракунанда пешниход карда мешавад ва ба сифати тахкурси барои омодасозии «лоихаи СБХМ истифода бурда мешавад».

МАРХИЛАИ 5. Тартиб додани накшаи коркарди стандарти байналхалки. Комиссияи тахрири накшаи «лоихаи СБХМ кор карда мебарояд» ва пас аз барраси карда шудан ва кабул гардиданаш онро нашр менамояд. Хамаи тарафхои хавасманд метавонад пешниход ва мулохизахои худро дар даври баррасии лоиха пешниход намоянд.

Барномаи кори Кумита 2 максад мегузорад:

1. Рушди минбаъдаи стандарти байналхалкии бахисобгири дар асоси мачмуи стандартхои мавчудбуда.

2. Хамкории равиши умумигардони бахисобгирии бухгалтерии бор охи кам кардани микдори алтернативии бухгалтери, ки аз тарафи стандарти бахисобгирии бухгалтерии ичозат дода шудааст.

 

Аввалин СБХМ соли 1974 кор карда баромада шуда аз хамон сол то индам 41 стандартхо кабул карда шудааст. Хар як стандартхои БХМ аз бобхо иборатанд.

1. Объекти хисобгири – оиди мафхумхои асоси ва мохияти объекти бахисобгири маълумот медихад.

2. Эътирофи объекти бахисобгири кадом критерияхо ба объекти хисобгири ва элементхои хисоботдихи таъсир мерасонанд.

3. Баходихии объекти хисобгири – оиди истифодабарии талаботхо ва усулхои баходихи дар хисоботдихи.

4. Инъикоси хисоботи молияви – кушодани ахборот оиди объекти бахисобгири дар шаклхои гуногуни хисоботи молияви.

Дар шароити хозира чунин СБХМ дар амал татбик карда мешавад:

СБХМ 1. Пешниходи хисоботи молияви

СБХМ 2. Захирахо.

СБХМ 3. Якшавии ширкат.

СБХМ 4. Шартномаи сугурта.

СБХМ 5. Хоричкунии активхои дарозмуддат.

СБХМ 6. Коркард ва баходихии захирахои табии.

СБХМ 7. Хисобот оиди харакати воситахои пули

СБХМ 8.Фоидаи соф ва зарар дар як давра, хатогихои фундаментали ва тагирот дар сиёсати бахисобгири.

СБХМ 10. Вокеахо, ки баъди як давраи хисоботи ба вукуъ омадаанд.

СБХМ 11. Шартномаи пудрати.

СБХМ 12. Андоз аз фоида.

СБХМ 14 Хисоботи сегменти.

СБХМ 16. Воситахои асоси.

СБХМ 17. Ичора

СБХМ 18. Даромад.

СБХМ 19. Мукофотонидани коргарон.

СБХМ 20. Бахисобгирии субсидияи давлати ва кушоиши ахборот оиди ёрии давлати.

СБХМ 21. Таъсири тагирот ба асъори хоричи.

СБХМ 23. Харочотхо оиди займхо.

СБХМ 24. Кушоиши ахборот оиди тарафхои ба хам алокаманд.

СБХМ 26. Хисобгири ва хисоботдихи аз руи таъмини нафака.

СБХМ 27. Хисоботи молияви чамъбасти ва хисобгирии сармоягузорихо дар ширкатхои фаръи (дочерние предприятия)

СБХМ 28. Бахисобгирии сармоягузорихо дар ширкатхои асоцировани

СБХМ 29. Хисоботи молияви дар шароити гиперинфиляция.

СБХМ 30. Кушоиши ахборот ва хисоботи молиявии бонкхо.

СБХМ 31. Хисоботи молияви оиди иштирок дар фаъолияти муштарак.

СБХМ 32. Асбобхои молияви: кушоиш ва пешниходи ахборот.

СБХМ 33. Фоида аз сахмия.

СБХМ 34 Хисоботи молиявии фосилави.

СБХМ 36 Бекурбшавии активхо.

СБХМ 37. Захирахо, ухдадорихо ва активхои шарти.

СБХМ 38. Активхои гайримодди.

СБХМ 39. Асбобхои молияви: эътирофкуни ва баходихи.

СБХМ 40. Сармоягузорихо ва моликияти гайриманкул.

СБХМ 41. Хочагии кишлок.

 

Дарси амалии № 2.




Поделиться с друзьями:


Дата добавления: 2015-03-31; Просмотров: 10395; Нарушение авторских прав?; Мы поможем в написании вашей работы!


Нам важно ваше мнение! Был ли полезен опубликованный материал? Да | Нет



studopedia.su - Студопедия (2013 - 2024) год. Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав! Последнее добавление




Генерация страницы за: 0.059 сек.